Домод хонаи падарарӯсро ғорат кард
Кормандони милитсия пойтахт ду шахси ниқобпӯшеро дастгир намуданд, ба ҷинояти вазнини роҳзанӣ айбдор мешаванд. Яке аз дастгиршудагон домоди хонавода будааст
Бино бар иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шоми 20-уми январи соли равон дар бораи сар задани ҷинояти вазнини роҳзанӣ дар кӯчаи Рӯҳафзои ноҳияи Фирдавсӣ хабари фаврӣ расид.
Барои ошкору муайян намудани ҷинояти мазкур аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи милитсияи пойтахт гурӯҳи фаврӣ – тафтишотӣ созмон дода шуда, дарҳол ба ҷои ҳодиса равон гардиданд.
Баъди ба ҷои ҳодиса расидани гурӯҳи фаврӣ ва пурсиши ҷабрдидагон муайян гардид, ки ду нафар шхсони ниқобпӯш ба манзили истиқоматии шаҳрванд Ахмедов Абдулҳамид, соли таваллудаш 1983, ронандаи ширкати “Рахш таксӣ”, ғайриқонунӣ ворид гардида, ҳамсар ва 3 нафар фарзанди ноболиғашро бо корд таҳдид ва бо скотч дасту даҳонашонро баста, маблағҳои пуливу як миқдор ҷавоҳироти тилоии номбурдаро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
“Дар натиҷа муйян гардид, ки ҷинояти мазкурро на шахсони бегона, балки домоди хонадон нафаре, ки бевосита бо ин оила муносибати хешутаборӣ ва рафтуомад дорад, Ғафуров Тоҷиддин, соли таваллудаш 1979, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, маҳаллаи Зарафшон бевосита тарҳрезӣ ва бо ҳаммаслакони худ содир намудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.
Домод бо сабаби хусумати шахсӣ нисбати додарарӯсаш як сол пеш нақшаи дуздиро тарҳрезӣ намуда, санаи 20-уми январ бо ҳамроҳии шаҳрвандон Яъқубов Далер ва Ҳанифов Шуҳратҷон, соли таваллудашон 1990, истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, ба амалинамоии нақшаи пешакӣ кашидашуда шурӯъ намуданд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки нафарони мазкур бо маслиҳати пешакӣ шабона ба манзили истиқоматии ҷабрдида ворид гардида, зан ва се фарзанди ноболиғони ӯро таҳдид ба куштан намуда, 21 300 долар, 75 ҳазор рубли русӣ, 79 ҳазор сомонӣ ва як миқдор ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи умумии 299 600 сомонӣ ба яғмо бурдаанд.
Баъд аз дастгир шудани номбурдагон як миқдор маблағҳо ва ҷавоҳироти тилоии рабудашуда, инчунин ба ҳайси далели шайъӣ дастпӯшу скотч ва дигар ашёҳои дар содир гардидани ҷиноят истифодашуда, дарёфту мусодира карда шуданд.
Ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе айни замон номбурдагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон бо моддаи 249 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Комментарии (0)