Сачоқу хилъатҳо бо тамғаи "Made in Tajikistan" (НАВОР)

Сачоқу хилъатҳо бо тамғаи "Made in Tajikistan" (НАВОР)

Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе истеҳсоли матои навъи "махра" ё махмалии пахтагиро барои дӯхти сачоқу дастрӯймол ва хилъатҳо ба роҳ мондааст. Сокинони Тоҷикистон дар беш аз ду даҳсолаи охир одат кардаанд, ки аксар маҳсулоти нассоҷӣ, аз ҷумла махраро аз хориҷи кишвар ворид кунанд.

"Русҳову чиниҳо тоҷиконро омӯзиш медиҳанд"
Нахустин маҳсулоти таҳияшуда аз матои махра -- сачоқҳои даст ва бадан мебошанд, ки бо бренди "Made in Tajikistan" тоза вориди бозор мешавад. Матои махра сирф пахтагӣ буда, аз пати нарме иборат аст, ки ҳарду тарафи матоъро мепӯшонад.

Масъулини корхонаи "Нассоҷии тоҷик" мегӯянд, ки дар сурати доштани имтиёзҳо дар бахши андоз ва дарёфти сармояҳои бештар, метавонистанд имкон ва иқтидори истеҳсолии корхонаро боло баранд.

Хушмаҳмад Ҷонмаҳмадов, мудири кулли корхонаи "Нассоҷии тоҷик" мегӯяд, ки сифати маҳсулоти ин корхонаро мутахассисони чиниву рус назорат мекунанд, зеро, ин корхона дастгоҳҳои ресандагиро аз ин ду кишвар харидорӣ кардааст. Вай афзуд, ки бо дарназардошти арзонии ашё барои тавлиди ин матоъ ва нерӯи барқ дар Тоҷикистон, арзиши маҳсулот ҷавобгӯи талаботи бозор хоҳад буд.

Ҷаноби Ҷонмаҳмадов гуфт, авохири соли гузашт 20 дастгоҳи ресандагии матои махраро аз Русия ва чаҳор адад дастгоҳи муосирро аз Чин харидорӣ карданд. Ба гуфтаи вай, ҳоло тавлидкунандаҳои ин дастгоҳҳо кормандони тоҷикро барои кор дар ин дастгоҳҳо омӯзиш дода, сифати маҳсулотро назорат мекунанд. "Дар коргоҳи дӯзандагӣ кормандони мо ба дӯхти сачоқҳои андозаашон мухталиф машғуланд. Ҳамзамон аз матои махра барои занҳо ва мардҳо хилъатҳо медӯзанд",-афзуд вай.

[media=]

"Текстил" ба гузаштаи худ бармегардад?
Дар дастгоҳҳои корхонаи нассоҷӣ дар як моҳ тахминан 40 ҳазор метр махра истеҳсол мешавад ва ҳамаи ин матоъ ҳамон замон ба таҳияи сачоқу хилъат равона мешавад. Таҳияи ин маҳсулот бахше аз кори дуним ҳазор коргари корхонаи нассоҷӣ аст, ки дар се баст кор мекунанд.

Феълан дар ин корхона ҳудуди 2,5 ҳазор нафар дар чанд коргоҳи ресандагиву дӯзандагӣ машғули истеҳсоли матоъ ва дӯхти либоси мактабӣ ҳастанд. Ин корхона аз маҳдуд коргоҳҳои собиқи шӯравӣ дар Тоҷикистон аст, ки бо андозаи андак ҳам бошад фаъолият дорад.

Дар муқоиса бо даврони шӯравӣ, иқтисоди истеҳсолии корхона тахминан чор баробар коҳиш ёфтааст ва орзуи калони масъулини корхона ин аст, ки бо дарёфти сармояҳои бештар тавонанд мизони истеҳсолотро боло бурда, маҳсулоти худро назири молҳои нассоҷии Қирғизистону Туркманистони ҳамсоя бозоргир кунанд. Ин ҳадаф ба барномаи стратегии саноатикунонии иқтисоди Тоҷикистон ҳам ҷавобгӯ аст, вале расидан ба ин ҳадаф осон нахоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба порлумони кишвар аз коркарди миқдори андаки пахтаи тавлидшуда дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, гуфт, ки то чанд соли дигар содироти ин ашёи хом комилан манъ мешавад ва тамоми пахта бояд дар дохили Тоҷикистон то ба маҳсулоти ниҳоӣ коркард шавад. Вай ҳамчунин эълон кард, ки баъд аз расидан ба истиқлолияти энергетикӣ рушди саноат дар Тоҷикистон ҳадафи чаҳоруми миллӣ дониста шавад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд, ки ҳарчанд саноаткунонӣ ҳадафи ҷадидии миллии Тоҷикистон эълон шудааст, вале то ба ҳол барои саноаткунуноии воқеии кишвар аз сӯи ҳукумат иқдоми ҷиддие рӯи даст гирифта нашудааст.

"Нассоҷӣ ба сармоягузорӣ ниёз дорад"
Шамсиддин Ҷалолов, иқтисоддони тоҷик бар ин назар аст, ки саноаткунонии иқтисоди Тоҷикистонро зарур буд ҳадди аққал 15 сол қабл шурӯъ кард ва ҳоло вазъи иқтисоди кишвар комилан дигар хоҳад буд.

Ҷаноби Ҷалолов афзуд, дар Тоҷикистон ҳатто қонун дар бораи соҳибмулкӣ чанд сол қабл ба тасвиб расид ва бидуни чунин қонун соҳибони корхонаҳо дар Тоҷикистон ҳатто барои сармоягузории рушди тавлидоташон ҳарос доштанд.

Ба гуфтаи ин иқтисоддони тоҷик, "ҳоло бошад мушкил ин аст, ки дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои бонкӣ хеле маҳдуд аст. Дар ҳоле, ки бидуни сармоягузорӣ рушди корхонаҳо ғайриимкон мебошад. Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст дар заминаи дастрасии соҳибкорон ба қарзҳои бонкӣ ва ихтисоси имтиёзҳои андозӣ барои ин гурӯҳи ҷомеаи тоҷик таҷдиди назар кунад".

Масъулини корхонаи "Нассоҷии тоҷик" ҳам мегӯянд, ки дар сурати доштани имтиёзҳо дар бахши андоз ва дарёфти сармояҳои бештар метавонистанд имкон ва иқтидори истеҳсолии корхонаро боло баранд. Як мушкили дигари онҳо дар ҷалби мутахассисони замонавӣ аст, ки битавонанд бо дастгоҳу фанновариҳои навин ва дар тавлиди маҳсулоти бозоргир кори корхонаро беҳтар ба роҳ монанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий