Таърифи Президент аз ҷинсу ҷӯроб ва танқидаш аз дурӯғгӯии мансабдорон

Таърифи Президент аз ҷинсу ҷӯроб ва танқидаш аз дурӯғгӯии мансабдорон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бархе аз роҳбаронро дар пешниҳоди ҳисоботи бардурӯғ муттаҳам кард, ки ба ҳамин восита мехоҳанд натиҷаҳои кори худро беҳтар нишон диҳанд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни суҳбат аз бархе корхонаҳои соҳаи саноати сабук таъриф кард, ки ба бозори хориҷӣ роҳ ёфтаанд.

Ӯ аз ҷумла шимҳои мардонаву бачагона аз ҷинс, нимшимҳо, куртаҳои мардона, либосҳои варзишӣ ва кимоною ҷуробҳоро зикр намуд, ки ба кишварҳои Русия, Беларус ва Иттиҳоди Аврупо содир мешаванд.

Раисиҷумҳур дар идома аз таназзули пиллапарварӣ ва дурӯғгӯии раисони шаҳру навоҳӣ интиқод кард.

“Чунин вазъият эҳтимоли аз байн рафтани анъана ва таҷрибаву малакаи атласу адрасу шоҳибофиро дорад, ки мо набояд ба он роҳ диҳем”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Президент гуфт, чӣ гуна дуруғгӯии мансабдорон аҳолиро қарздор мекунад

Раисиҷумҳур афзуд, имрӯз мебинем, истеҳсоли воқеии пилла нисбат ба нишондиҳандаҳои омории он кам аст.

“Яъне раисони баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ҳисоботи омории худ ҳаҷми истеҳсоли пилларо бо мақсади зиёд нишон додани нақшаи ҷамъоварӣ изофанависӣ мекунанд ва мақомоти андоз аз рӯи натиҷаҳои ин ҳисобот қарздории хоҷагиҳо ва аҳолии ба пиллапарварӣ машғулро дар назди буҷет муқаррар менамоянд”, - тавзеҳ дод Раҳмон.

Ӯ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Вазорати саноат ва технологиҳои навро вазифадор кард, ки барои ҷалби сармоягузориҳо ба ин соҳа чораҳои зарурӣ андешанд.

“Ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки масъалаи андозу андозбандӣ, инчунин, ҷиҳати аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод намудани воридоти тухмии хушсифати кирмакро баррасӣ намояд”, - супориш дод Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо кормандони соҳаи саноат.

Ин мулоқот дар Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мешавад, баргузор гардид.

Комментарии (1)

  • Бегона
    Бегона

    Барои он ки хаматон вазифара хариду фуруш мекунетон. Раси алока як бесавод аст неким вазифа дора аз кучо мо пеш меравем. Бпд мухтарам чаноб авал худат авлодота бгу ки ба бизнесмено кор нагиран духтарот авлодот ама бизнесора пз худ кардиян

    Ҷавоб додан
Оставить комментарий