Эрон: Теҳрон ба гирифтани мақоми нозир дар ИИАО манфиатдор аст

Эрон: Теҳрон ба гирифтани мақоми нозир дар ИИАО манфиатдор аст
Машваратҳо вобаста ба ин масъала дар шакли маҷозӣ таҳти раёсати Вазири ҳамгирои ва макроиқтисодӣ Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Сергей Глазев баргузор шуданд.Кишварҳои узви ИИАО дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ карданд.Ҳайати Эронро мудири кулли Раёсати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Вазорати корҳои хориҷӣ Сайидҷалолиддин Алавии Сабзеварӣ роҳбарӣ мекард.Иштирокчиёни машварат рушди босуръати ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви ИИАО ва Эронро қайд намуда, аз нияти кишвар ба гирифтани мақоми давлати нозир дар ИИАО мувофиқи Низомнома дар бораи Иттиҳодия истиқбол карданд.
Қарор дар бораи додани чунин мақом ба шарики хориҷӣ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои иттиҳодия дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё қабул хоҳад шуд.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) — созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий