ВУХ-и Русия: Ҳамлаи артиши Украина ба вилояти Курск аз ҷониби Ғарб тарҳрезӣ шудааст
Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курски Русия бо пуштибонии ҳамаҷонибаи Ғарб ва бо розигии онҳо сурат мегирад."Таҷовуз ба қаламрави вилояти Курск бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ғарб сурат мегирад ва аз ҷониби онҳо розигӣ дода шудааст«, — гуфт хонум Захарова.Вай инчунин қайд кард, ки намояндагони режими Киев талош доранд, ҳамла ба минтақаи Русияро бо таҳким бахшидани мавқеъҳои музокиротии худ сафед кунанд."Ҳарчанд артиши Украина талош дорад ба қаламрави мо ҳамла кунад — ман бори дигар таъкид мекунам, гуфтаҳои роҳбарияти Русия — имкони ҳар гуна гуфтушунид бо хунтаи роҳзан бурда намешавад, аммо зоҳиран онҳо ҳанӯз кӯшиш мекунанд тафаккури худро. дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳмил кунанд«, — афзуд намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Валерий Герасимов, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, соати субҳи 6 август воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ҳадафи тасарруфи қаламрав дар вилояти Курск ба ҳамла гузаштанд ва пешравии онҳо дафъ карда шуд.
Вай таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва бозгашт ба марзи давлатӣ анҷом меёбад. Тавре вазорати дифои Русия рӯзи 20 август хабар дод, дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 4130 нафар низомиён ва 58 танкро талаф доданд.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Киев даст ба як иғво андохтааст ва ғайринизомиёнро зери ҳадаф қарор гирифтааст. Путин гуфт, ки душман посухи шоиста хоҳад гирифт ва ҳама ҳадафҳое, ки Русия дар пеши худ гузоштааст, амалӣ хоҳанд шуд.Дар Курск, инчунин вилоятхои Белгород ва Брянск барои таъмини бехатарии мардуми режими амалиёти зиддитеррористӣ ҷорӣ карда шудааст.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)