Лукашенко гуфт, дар интихоботи ояндаи президентӣ иштирок мекунад
Дар бораи интихоботи қарибулвуқӯъи президентии соли 2025 дар Белорус, роҳбари феълии кишвар Александр Лукашенко ба ҳайси номзад иштирок хоҳад кард.Ӯ ҳошияи интихоботи вакилони мардумӣ дар Белорус ба суоли хабарнигорон таъйид кард, ки нияти иштирок дар интихоботи президентии соли ояндаро дорад. Вай афзуд, ҳар қадар фишори Ғарб бештар бошад, ҳамон қадар барои иштирок дар ин корзор моилтар хоҳад шуд."Президентӣ дар Беларус кори хеле душвор аст. Ва на ҳама қодиранд, ки ин корро кунанд«, — изҳор дошт раҳбари кишвар.Дар зимн таъкид намуд, ки ҳеҷ яке аз имконоти сарнагунии ҳукумат дар Беларус кор нахоҳад кард."Мо намехоҳем ҷомеаро бо паёмҳо дар бораи таҳдидҳо халалдор созем. Дар рафти интихобот бетартибиҳо намешавад, мо аз рӯи хатогиҳо кор кардем«, — гуфт ӯ.Қаблан Лукашенко гуфт, ки ӯ то дами марг президен нахоҳад буд, аммо таъкид кард, ки дар сурати фишорҳои Ғарб, ҳатто ба қимати ҷони худ истиқлоли кишварро дифоъ хоҳад кард.Пас аз интихоботи президентӣ дар Беларус, ки 9 августи соли 2020 баргузор шуд, ки дар он Лукашенко бо дарёфти 80,1% -и овозҳо бори шашум пирӯз шуд, ки пас аз он дар кишвар тазоҳуроти оммавии мухолифон оғоз шуд ва нерӯҳои амниятӣ онҳоро пахш карданд.
САРЧАШМА:sputnik.tj
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)