HRW ба озодии фаъолони дар Бишкек боздоштшуда даъват кард

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек чанде аз сиёсатмадорон ва фаъолони ин кишварро рӯзи 24-уми ба иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби қудрат ба ҳабс гирифт.
Сиёсатмадорон Равшан Ҷеенбеков, Асия Сасикбаева, Айбек Бусурманкулов, Таалайбек Мадеминов, рӯзноманигор Айданбек Акматов, фаъолон Али Шабдан, Чингиз Капаров то 20-уми декабри имсол дар боздошт мемонанд. Ҳамаи онҳо ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё "СИЗО-1"-и Бишкек интиқол ёфтаанд.
Сиёсатмадори дигари қирғизистонӣ Азимбек Бекназаров то 23-юми декабри имсол ба ҳабс гирифта шуд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё омбудсмен дар Қирғизистон Атир Абдрахматова гуфт, баъзе аз боздоштшудаҳо шикоят кардаанд, ки мақомот ҳуқуқашонро поймол мекунанд.
Субҳи 23-юми октябр мақомоти қудратии Қирғизистон дар манзили чанде аз сиёсатмадорон ва фаъолон бозҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа ҳудуди 21 нафар аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.
Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, ки бозҷӯӣ ва боздошти ин афрод дар доираи парвандаи "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" сурат гирифтааст.
Комментарии (0)