Порлумони Қирғизистон дар бораи боздошти фаъолон иттилоъ хост

Порлумони Қирғизистон дар бораи боздошти фаъолон иттилоъ хост
Чанде аз вакилони порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 26-уми октябри имсол дархост карданд, ки дар бораи боздошти гуруҳе аз сиёсатмадорону фаъолон иттилоъ дода шавад.
Вакилон пешниҳод карданд, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои баёни иттилоъ ба порлумон даъват шавад.
Саидбек Отамбоев, вакили порлумони Қирғизистон гуфт, қарор дар бораи боздошт ноодилона буд.
"20 касро боздошт карданд, миёнашон сиёсатмадорони маъруф, блогерон ва рӯзноманигорон ҳастанд. Мо бо онҳо дидгоҳҳои гуногун дорем, аммо бояд гуфт, қарори ноодилона буд. Агар фардо бо шумо коре шуд, метавонед, мунтазири ҳимояти рӯзноманигорон набошед. Биёед, имрӯз вазири корҳои дохилиро даъват мекунем, вакилотдори ҳуқуқи инсонро. Мо суолҳои зиёде дорем", - гуфт Отамбоев.
Вакилони дигар аз ин пешниҳод пуштибонӣ карданд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек сиёсатмадорон ва фаъолони ин кишварро, ки рӯзи 24-уми октябр бо иттиҳоми ташкили бетартибиҳои оммавӣ ва ғасби қудрат боздошт шудаанд, ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Сиёсатмадоррон Равшан Ҷеенбеков, Асия Сасикбаева, Айбек Бусурманкулов, Таалайбек Мадеминов, рӯзноманигор Айданбек Акматов, фаъолон Али Шабдан, Чингиз Капаров то 20 декабри имсол дар ҳабс мемонанд. Ҳамаи онҳо ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё "СИЗО-1"-и Бишкек интиқол ёфтаанд.

Сиёсатмадори дигари қирғизистонӣ Азимбек Бекназаров то 23 декабри имсол ба ҳабс гирифта шудааст.

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмен дар Қирғизистон Атир Абдрахматова гуфт, бархе аз боздоштшудаҳо шикоят кардаанд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳуқуқҳояшонро поймол мекунанд.

Субҳи 23 октябр мақомоти қудратии Қирғизистон дар манзили чанде аз сиёсатмадорон ва фаъолон бозҷӯӣ анҷом доданд. Дар натиҷа ҳудуди 21 тан аз фаъолону сиёсатмадорон боздошт шуданд.

Вазорати корҳои дохилии он кишвар хабар дод, ки бозҷӯӣ ва боздошти ин афрод дар доираи парвандаи "Омодагӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" сурат гирифтааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий