Ба блогерони қазоқ пешниҳод доранд, ба Донетску Луганск раванд
Ба блогерони қазоқистонӣ пешниҳод доранд, дар ивази маблағ ба ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск сафар кунанд.
Алишер Еликбоев, блогери маъруфи қазоқистонӣ, гуфт, ба вай аз номи кадом як ширкати маъруфи Русия чунин пешниҳод шудааст.
Ин ширкат ба Еликбоев пешниҳод кардааст, ба ҳудудҳои ғасбшудаи Украина биравад. Фармоишгар гуфтааст, Еликбоевро бо ҳавопаймои махсус аз Остона интиқол хоҳад дод.
Фармоишгар ҳамчунин гуфтааст, ки зарур нест, аз касе таъриф ва ба коре даъват кард, аммо бояд аз сокинони маҳаллӣ ва низомиҳои рус пуштибонӣ кард. Ба ӯ ваъдаи маблағи калон додаанд.
Еликбоев гуфт, ширкате, ки ба вай ин пешниҳодро кардааст, дар бозори Русия чандин сол аст, ки фаъол аст.
"Онҳо омода буданд, ки маблағи ҳангуфт бидиҳанд. Аммо ин бефоида буд, зеро мо дарҳол рад кардем. Мо аз Украина ҳимоят мекунем", - гуфт блогер.
Алишер Еликбоев танҳо касе нест, ки ба ӯ чунин пешниҳод шудааст. Вай бовар дорад, ки блогерони дигар мавқеи принсипалӣ надоранд ва мумкин аст, ба ин гуна пешниҳодҳо розӣ шаванд.

Комментарии (0)