Идомаи эътирозҳо ва саркӯби хушунатбор дар Эрон

Идомаи эътирозҳо ва саркӯби хушунатбор дар Эрон
Бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомот ва саркӯби хушунатбор, тазоҳуроти норозиён дар Эрон рӯзи 8-уми октябр низ ба таври пароканда идома кард. Бино ба наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштаанд, тазоҳуроти хурди одамон дар Теҳрону шаҳрҳои дигар дида мешавад.
Дар бораи корпартоии коргарон дар чанд шаҳр ва бахусус минтақаи курдншинини Эрон гузориш шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар тақрибан чаҳор ҳафтаи эътирозҳо дар Эрон ҳудуди 160 нафар кушта, садҳо каси дигар захмӣ ва ҳазорон нафар боздошт шуданд.
Як шабакае дар Норвегия, ки нақзи ҳуқуқи одамонро дар минтақаи курднишини Эрон мушоҳида мекунад, гуфт, пулиси зидди шӯриш рӯзи 8-уми октябр дар ду шаҳр ба тарафи мардум оташ кушод.
Тазоҳурот дар Эрон баъди он оғоз шуд, ки Маҳсо Аминии 22-сола моҳи сентябри имсол ба гумони "бадҳиҷобӣ" дастгир ва баъди се рӯз дар ҳоли беҳушӣ даргузашт. Ин вазъ хашми мардумро ба бор овард.
Раҳбари олии Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, мегӯяд, дар паси нооромиҳо "омилҳои хориҷӣ" истодаанд. Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон, низ иттиҳоми ба ин монандро рӯзи 8-уми октябр дар Донишгоҳи Теҳрон ба забон овард.
Бар асоси наворҳое, ки баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, баъзе аз духтарони донишҷӯ бо нидои "Раисӣ ва муллоҳо гум шаванд" шиор додаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий