Пешравии артиши Украина дар минтақаҳои зери назари Русия

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, шаби 5-уми октябр гуфт, се маҳаллаи дигари шаҳри Херсонро озод кардаанд.
Херсон маркази яке аз вилоятҳоест, ки Русия дар баробари вилояти Донетск, Луганск ва Запорожйе аз они худ кард, вале на ҳамаи қисматҳои онро зери назорат дорад.
Александр Старух, раиси вилояти Запорожйе рӯзи 6-уми октябр гуфт, дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия дар шаби гузашта ду нафар кушта шудаанд ва чандин хона комилан аз байн рафтанд ва ё осеб диданд.
Комментарии (0)