Қазоқистон ҳукми қатлро бекор кард

Қазоқистон ҳукми қатлро бекор кард
Ба гуфти раисиҷумҳур Қосим Ҷомарт Тоқаев, Қазоқистон ҳуқуқи бунёдӣ ба зиндагӣ ва шаъну шарафи инсониро татбиқ мекунад

Қазоқистон ба пратоколи байналмилалии оид ба бекор кардани ҳукми қатл ҳамроҳ шуд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

"Қарори пайвастан ба пратоколи байналмилалӣ оид ба бекоркунии ҳукми қатлро президенти Қазоқистон Касим-Ҷомарт Тоқаев дар суханронии худ дар сессияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ эълон кард", - омадааст дар хабарнома.

Раҳбари давлат қайд кард, ки Қазоқистон ҳуқуқи бунёдӣ ба зиндагӣ ва шаъну шарафи инсониро татбиқ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки ҳукми қатл дар Қазоқистон бо фармони президент дар бораи ҷорӣ кардани мораторияи дахлдор дар соли 2003 комилан қатъ карда шуд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий