ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР НОВАЯ МОСКВА: 43 КАС ДАСТГИР ШУД, ҶАВОНИ ТОҶИК КОРД ХӮРД (ВИДЕО)

ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОН ДАР НОВАЯ МОСКВА: 43 КАС ДАСТГИР ШУД, ҶАВОНИ ТОҶИК КОРД ХӮРД (ВИДЕО)
Дар ҷараёни занозании гуруҳии муҳоҷирон, ки шаби 22 март дар деҳаи Сосенское дар минтақаи Новая Москва рух дод, 43 нафар боздошт гардида, як шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистонро бо захми корд аз қафаси сина ва пои росташ дар бемористон бистарӣ кардаанд.
Додситонии Маскав гуфт, дар пайи ин занозанӣ ва корд хӯрдани муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми сӯиқасди куштор парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба гуфтаи додситонӣ, оне, ки ин занозаниро сар кард, дастгир шудааст, вале ҷустуҷӯи нафаре, ки ҷавони тоҷикро ду корд зад, ҳанӯз идома дорад. 
Гуфта мешавад, ки дастикам 20 муҳоҷир дар заминаи маишӣ аз гиребони якдигар гирифта, дар ҷараёни занозанӣ аз чӯбу калтак ва ҳатто аз корд истифода бурдаанд. Сабаби занозанӣ рӯшан нест. Ин ҳам маълум нест, ки кӣ бо кӣ дастбагиребон шудааст. Парвиз ТВ хабар дод, ки дар Новая Москва муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон занозанӣ кардаанд.

 “Дар натиҷаи занозании гуруҳӣ дар гулгашти Скандинавский шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1997, захмӣ шудааст. Ӯро бо захми корд аз ноҳияи қафаси синааш дар бемористони клиникии шаҳрӣ ба номи С. С. Юдин бистарӣ кардаанд”, — хабаргузории ТАСС

Шаби сешанбе, 22 март,  тақрибан соати 21.20, ба пулис дар бораи муноқишаи байни шаҳрвандон дар гулгашти Скандинавский дар деҳаи Сосенское хабар расид. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса расида, як шаҳрвандро бо захми корд пайдо карданд “,



Комментарии (0)

Оставить комментарий