МУСОДИРАИ 3 МИЛЛИОН РУБЛ АЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲИ ДОМОДЕДОВО (3 АКС)

МУСОДИРАИ 3 МИЛЛИОН РУБЛ АЗ ЯК ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРУДГОҲИ ДОМОДЕДОВО (3 АКС)
Гумруки фурудгоҳи Домодедово рӯзи 14 феврал хабар дод, ки кормандони гумрук дар ин фурудгоҳи Маскав аз як шаҳрванди Тоҷикистон беш аз 3 миллион рубл пайдо кардаанд.
“Мусофире, ки бо парвози Маскав – Истанбул сафар мекард, дар фурудгоҳи Домодедово аз тариқи роҳрави сабз гузаштанӣ буд. Ҳангоми пурсиш ӯ гуфт, ки бо худ ҳудуди 2 миллион рубл пули нақд дорад. Вале ҳангоми тафтиши гумрукӣ шаҳрванди Тоҷикистон 2,9 миллион рубл ва 3500 доллари Амрикоро нишон дод. Маблағи умумии пулҳое, ки ғайриқонунӣ бурда мешуд, тибқи қурби расмии Бонки марказии Русия, 33 ҳазору 84 доллар, ё ҳудуди 2,5 миллион рублро ташкил медиҳад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи гумруки Домодедово.

Комментарии (0)

Оставить комментарий