Қарори Ӯзбекистон дар бораи манъи вуруди қазоқистониҳо: тоҷикистониҳо чӣ?
Ӯзбекистон чорандешиҳоро ба далели вуруди навъи нави коронвирус ба кишвар идома дода истодааст
Мақомоти ӯзбек аз 15 январ марзи кишварашонро барои шаҳрвандони Қазоқистон бастанд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ хабар додаст.
Таъкид шудааст, ки ҳадафи ин тасмим ҷилавгирӣ аз паҳншавии наъи нави коронавирус - омикрон мебошад. Дар зимн парвозҳо миёни ду кишвар ҳамоно идома дода мешаванд.
Шаҳрвандон зимни вуруд ба Ӯзбекистон бояд ташхиси манфии ПСР аз коронавирусро нишон дищанд, ки на дертар аз 48 соат пеш аз вуруд гирифта шуда бошад. Инчунин дар қавламрави Ӯзбекистон низ ташхисҳои фаврӣ ё худ экспресс-тест супорида мешавад.
Ҳамаи намуди санҷишҳо танҳо аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки дар ҳудуди минтақаҳои Сух, Шоҳимардон, Чунгарин, Тоштеппа, Бунёдкор, Ҷомӣ ва Кардошлик ҳаракат мекунанд, талаб карда намешавад.
Қаблан аз сабти омикрон дар Ӯзбекистон хабар дода шуд, ки нахустин ҳолаташ аз Имороти муттаҳидаи Араб ворид гардидаст. Ҳамаи 200 нафаре, ки дар ҳавопаймо буданд, феълан дар карантин қарор доранд.
Ӯзбекистон ахиран парвозҳо бо Ҷумҳуриии Африқои ҷанубӣ, Ботсвана, Намибия, Зимбабва, Мозамбик, Мадагаскар, Лесото, Эсватиния, Танзания ва Ҳангонкро мутаваққиф карда буд.
Комментарии (0)