Ӯзбекистону Қазоқистон “қарори таърихӣ” мебароранд
Бино ба иттилои Газета.uz, дар Нур-Султон гуфтушуниди президентҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон оғоз ёфтааст. Дар ҷараёни мулоқоти ду раҳбар қабули қарори таърихӣ оид ба шарикии дуҷонибаи стратегӣ дар сатҳи муносибатҳои иттифоқӣ дар назар аст.
Дар ҷараёни гуфтугуҳои ҳайати маҳдуд президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Қосим Ҷомард Тоқаев масоили шарикии Ӯзбекистону Қазоқистон аз ҷумла дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро баррасӣ намудаанд.
«Мо бо хурсандии тамом аз сафари давлатии шумо ба Қазоқистон истиқбол мегирем. Ин сафар барои ба сатҳи нав баромадани ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Бастаи ҳуҷҷатҳое, ки имрӯз имзо мешаванд, ба шарикии мо такони иловагӣ мебахшанд. Чунин мешуморем, ки ҳамбастагӣ миёни кишварҳои мо омили ҷиддии таъмини устуворӣ ва амният дар тамоми манотиқи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад,- гуфтааст президенти Қазоқистон.
«Дар солҳои охир мо амалан ҳамкориро аз нав ба роҳ мондем ва имрӯз шоҳиди нахустин натиҷаҳои муҳими ҳамкории якҷоя ҳастем. Ӯзбекистон ва Қазоқистон шарикони воқеии иқтисодиянд. Иқтисодҳои мо рақобат намекунанд, балки якдигарро пурра месозанд. Тиҷорати муштарак рушд меёбад. Интизор меравад, ки имсол гардиши мол ба сатҳи рекордии 4 миллиард доллар мерасад»,- зикр намудааст Шавкат Мирзиёев.

Комментарии (0)