Дуду хока: аксҳои ҷолиб аз машқҳои низомӣ дар сарҳади Афғонистон

Дуду хока: аксҳои ҷолиб аз машқҳои низомӣ дар сарҳади Афғонистон
Дар маҷмӯъ, ба машқҳо ҳудуди 4 ҳазор низомӣ аз кишварҳои СААД ҷалб шудаанд. Sputnik Тоҷикистон ҷолибтарин аксҳоро аз машқҳо дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон ҷамъоварӣ кардааст.

Дар ҷараёни тамринҳо дар наздикии марз бо Афғонистон низомиён ҷилавгирӣ аз вуруди нерӯҳои мусаллаҳи душман ба қаламрави Тоҷикистонро тамрин карданд.

Ҳамчунин, дар ҷараёни тамринҳо нерӯҳои ҳавобурди Русия ширкат доштанд.
Гурӯҳи нирӯҳои ҳавоӣ барои иҷрои амалиёти вижа ба паси хатти душман фуруд омаданд.
Дар баробари ин, қувваҳои душманро низоми мушакии "Град" (MLRS) нобуд карданд.

Тирандози ба нерӯҳои душман бидуни таваққуф сурат гирифт.

Ҳамин ки дар артиши душман фосила ба вуҷуд омад, танкҳои Т-72-и Русия ба сӯи онҳо шитофтанд.
Кушунхои хушкигард нерӯҳои ҳавои дастгирӣ мекарданд.

Ҳангоми машқҳо дар Тоҷикистон на танҳо машқҳои ҳамлаӣ анҷом доданд, балки кори таъминотӣ ҳам тамрин шуд.

Масалан, мошини нафткаш, ки ҳайати он барои сари вақт расонидани сӯзишворӣ ба техникаи ҳарбӣ масъул аст.
Тонк дар як нуқтаи сӯзишворӣ ҳангоми тамрини нерӯҳои дастаҷамъии СААД.
Мошини хидмати тиббӣ ҳангоми тамринҳои нерӯҳои дастаҷамъии СААД.

Фармондеҳон қайд мекунанд, ки чунин машқҳо барои ҳар касе, ки мехоҳад ба Тоҷикистон ҳамла кунад, бояд намоишӣ бошад.

Низомиёни кишварҳои мухталиф дар ин машқҳо - таҷрибаи амалиёти низомии кишварҳои мухталифи ҷаҳонро табодули назар карданд.

Худи машқҳо то 23 октябр идома хоҳанд кард. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий