Ҷабборов сарвазири Қирғизистон шуд
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳукуматро ба истеъфо фиристод ва сипас сарвазири навро таъин кард
Оқилбек Ҷабборов иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Қирғизистон шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии президенти ин кишвар.
"Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармонеро имзо кард, ки тибқи он, Оқилбек Ҷабборов иҷрокунандаи вазифаи раиси Девони Вазирон таъин карда шуд", - хабар медиҳад дафтари матбуот.
Қайд карда мешавад, ки таъйинот тибқи моддаи 71-и Сарқонуни кишвар сурат гирифтааст.
Зиндагиномаи Оқилбек Ҷабборов
Оқилбек Усенбекович Ҷабборов 14 сентябри соли 1964 дар вилояти Иссиқкӯл таваллуд шудааст.
Падараш - табиб Усенбек Ҷабборов, модараш - муҳандис Бегайим Саринжиева ном доранд.
Ҷабборов соли 1981 мактаби миёнаи ба номи 40-солагии Комсомоли Кочкорро хатм кардааст. Дар солҳои мактабхонӣ ӯ узви барҷастаи Комсомоли ва роҳбар будааст.
Соли 1986 Донишкадаи политехникии Фрунзеро бо ихтисоси муҳандис -сохтмончӣ бо дипломи аъло хатм кардааст; дар давоми солҳои таҳсил стипендияи ба номи Ленин мегирифтааст.
Соли 2002 Академияи молия ва иқтисоди Бишкекро бо ихтисоси низоми андозбандии молӣ, идоракунии ташкилотҳо хатм кардааст. Донандаи чор забон аст. Ба забонҳои қирғизӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ ҳарф мезанад.
Комментарии (0)