Омодагии табибони рус ба машқҳои бузург дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Омодагии табибони рус ба машқҳои бузург дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Табибони руси пойгоҳи низомии 201-уми дар Тоҷикистон дар полигони Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон разведкаи санитарию эпидемиологӣ анҷом доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ.

Гуфта шудааст, ки дар он аз 5 то 10 август машқҳои муштараки тактикии Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар минтақаи марзӣ бо Афғонистон баргузор мешаванд.

Мутахассисони назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ роҳҳои ҳаракат, минтақаҳои амалиёт ва ҷойгиршавии бошишгоҳҳои саҳроиро тафтиш карда, корҳои дезинфексия ва дезинсексияиро ташкил намуданд.

Ғайр аз ин, тамоми сарчашмаҳои обтаъминкунӣ санҷида шуда, хизматрасонии тиббии иштирокчиёни машқҳо маводи маводҳои безараргардонкунанда, ваксинаҳо, иммуноглобулинҳо, репеллентҳо ва доруҳои профилактикӣ омода карда шуданд.

"Табибон чораҳои пешгирии сироятҳои гуногун ва мубориза бо морҳоро таҳия карданд", - хабар медиҳад Округи марказии ҳарбӣ.

Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштараки Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон дар пасманзари вазъи ноустувор дар марз бо Афғонистон ташкил карда шудааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий