Сафари кории Содир Ҷабборов ба Туркия Раҷаб

Сафари кории Содир Ҷабборов ба Туркия Раҷаб
Интизор меравад Содир Ҷабборов бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дидору мулоқот намуда, дар ҷанд чорабинӣ ҳам иштирок кунад

Содир Ҷабборов раисиҷумҳури Қирғизистон дар садади сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия қарор дорад, менависад котиботи президенти он кишвар.

Ба иттилои манбаъ, сафари расмии Ҷабборов ба Туркия аз 9 то 11 июн идома мекунад.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар Ҷабборов бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон вохӯри ва мулоқот доир мекунад.

Роҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин масъалаҳои мубрами ҳамкориҳоро дар доираи Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркзабонро баррасӣ мекунанд.

Инчунин, нишасти панҷуми Шӯрои олии ҳамкориҳои стратегии Қирғизистон ва Туркия бо иштироки раисони ду кишвар баргузор мешавад.

Ғайр аз ин, интизор меравад, Ҷабборов бо раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқот кунад.

Содир Ҷабборов инчунин дар форуми соҳибкорон бо иштироки намояндагони Қирғизистон ва Туркия иштирок ва бо шаҳрвандони кишвараш, ки дар Анқара кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот хоҳад намуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷабборов пас аз такя задан ба курсии президентӣ чорумин сафари худро ба ҳайси раисиҷумҳур анҷом медиҳад.

Ӯ ду маротиба ба Федератсияи Русия сафар анҷом дода, ҳамзамон аз Қазоқистону Ӯзбекистон низ боздид кардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий