Тошканд президенти тозаинтихоби Қирғизистонро ба Ӯзбекистон даъват кард

Тошканд президенти тозаинтихоби Қирғизистонро ба Ӯзбекистон даъват кард
Ҳукумати Қирғизистон гуфт, ки кишвар "муносибатҳои барқароршудаи воқеан бародаронаро, ки ба эътимоди тарафайн асос ёфтаанд, қадр мекунад ва омодааст шарикии стратегиро бо Ӯзбекистон минбаъд низ фаъолона рушд диҳад".

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов Президенти нави Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои боздид аз ин кишвар даъват кард.

Дар ин бора  РИА Новости  бо такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати Қирғизистон иттилоъ додааст.

Қаблан роҳбари он Улукбек Марипов ҳангоми сафари корӣ ба Алмаато бо Арипов дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё мулоқот карда буд.

Ҷонибҳо "доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, обу энергетикӣ ва нақлиёт",- баррасӣ карданд.

"Дар мулоқот cарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов даъватномаро ба президенти Қирғизистон барои ташриф ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон расонид", - гуфтаанд дар хадамоти матбуот.

Ҳарду кишвар инчунин омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, зарурати тақвияти корҳоро барои ба анҷом расонидани бақайдгирии қонунии қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Қирғизистон ва Узбекистон таъкид карданд.

Дар ҳоли ҳозир, тақрибан 92% дарозии марз муаян буда, 85% ба созишномаи асосии делимитатсия дохил карда шудааст.

Тақрибан даҳ қитъа то ҳол баҳснок боқӣ мондаанд, зеро ҳеҷ кадоме аз тарафҳо дар бораи табодули воҳидҳои ҳудудӣ байни худ суҳбат намекунанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий