Пулҳои “дуздида”-ро баргардонед: як моҳ муҳлат ба мансабдорони порахӯр дар Қирғизистон

Пулҳои “дуздида”-ро баргардонед: як моҳ муҳлат ба мансабдорони порахӯр дар Қирғизистон
Дар Қирғизистон дар доираи афви иқтисодӣ аз фасодкорон хоҳиш карда шуд, ки маблағҳои бидуни меҳнати ҳалол ба даст овардаашонро дар муддати 30 рӯз ба хазина баргардонанд

 Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Жапаров авфи иқтисодиро эълон кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар доираи авф аз фасодкорон хоҳиш карда шудааст, ки маблағҳои дар натиҷаи бидуни меҳнати ҳалол ба даст овардашудаашонро дар муддати 30 рӯз ба хазина баргардонанд.

Аз ҷумла, Жапаров ба мансабдорони собиқ, рейдерҳо, ширкатҳои саркаш аз андоз, роҳбарони вазорату идораҳо, инчунин кормандони гумрук ва молия муроҷиат кардааст.

"Дар тӯли 30 соли охир, нақшаҳои коррупсионии системавӣ дар соҳаҳои саноат, аз қабили энергетика, хадамоти гумрук ва андоз, дорусозӣ, иҷозатномадиҳӣ, истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ва ғайра рушд карданд. Мехоҳам, ҳама чизро худи шумо дар бораи дороиҳоятон воқеӣ пешниҳод кунед. Ҳар як диноре, ки ғайриқонунӣ аз давлат гирифтаед, ихтиёран баргардонед", - гуфт ӯ.

Иҷрокунандаи мансаби президенти Қирғизистон таъкид кард, ки пас аз як моҳ онҳое, ки афви иқтисодиро сарфи назар кардаанд, тибқи қонун чораҳои шадидтаринро хоҳанд гирифт.

Вай афзуд, ки ҳадафи афв пур кардани буҷаи давлат, баргардонидани сармояи қаблан ғайриқонунӣ содиршуда аз кишвар ва аз соя берун кашидани тиҷорат мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий