Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд

Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод: вакилон қарсак заданд
Президенти Қирғизистон имрӯз зимни суханронӣ дар нишасти Жогорку Кенеш, ки дар қароргоҳи давлатии "Ала-арча" ҷараён дорад, қарорашро ироа кард

Раҳбари Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар нишасти парлумон қарори ба истеъфо рафтанашро ироа кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

"Ба ҳамаи қирғизистониҳо, ки ба ман бовар карданд ва дар давоми се соли президентӣ дастгириям карданд, ба ҳукумат, мақомоти давлатӣ ва маҳаллӣ, ки ҳамроҳ кор крадем, ба дастгоҳам, расонаҳо ва ҷомеъаи ҷамъиятӣ изҳори сипос мекунам. Ба ҳукмати нав, ки масъулияти тақдири мардум ва кишварро бар дӯш гирифтааст, мувафаққият орзумандам", - изҳор дошт Жээнбеков.

Пас аз суханронии президент вакилони Жогорку Кенеш ба пой рост истода ба ӯ кафкӯбӣ карданд.

Жээнбеков пештар қарори истеъфо рафтанашро шарҳ дода гуфт, намехоҳад дар таърихи Қирғизистон президенте бошад, ки хун рехта, ба сӯи шаҳрвандони худ тир холӣ кунад.

Ёдовар мешавем, интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон рӯзи 4 октябр баргузор шуд. Аммо як рӯз пас аз баргузории интихобот, шаҳрвандони норизо ба по хестанд. Дар майдони марказии Ала-Тоо аз се то чаҳор ҳазор нафар тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, ҷамъ омада, ҳамакнун ҳукумати кӯҳна сарнагун ва мансабдорони нав сари қудрат меоянд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий