Раисҷумҳур: ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро бояд халқ интихоб кунад

Раисҷумҳур: ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро бояд халқ интихоб кунад
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон бори дигар хостори он шуд, ки ҳоқимони шаҳру вилоятҳоро халқ интихоб кунад, хабар медиҳанд расонаҳои ин кишвар.

“Ҳокимонро бояд халқ интихоб кунад. Мо ҳатман ин корро мекунем”, — таъкид дошт раисҷумҳури Ӯзбекистон.

Манбаъ қайд кард, ки Шавкат Мирзиёев ҳануз моҳи декабри соли 2016 пешниҳод карда буд, ки ҳокимон дар кишвар бояд интихобӣ шаванд.

“Агар ҳар минтақа роҳбари худро интихоб кунад, афзоиши якбораи масъулияти роҳбарон дар назди мардум ва ҷомеаро чашмдор шудан мумкин аст”, — гуфт президенти Ӯзбекистон.

Бояд қайд кард, ки айни замон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошкандро президент таъйин ва озод мекунад.

Номзадҳои ҳоким барои тасдиқ аз ҷониби маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳри Тошканд пас аз машварат бо ҳар кадоме аз гурӯҳҳои ҳизбии маҷлиси дахлдор пешниҳод карда мешаванд.

Дар айни замон, ҳокими ноҳия ва шаҳрҳоро ҳокимони вилоятҳо, ҳокими шаҳри Тошканд таъйин ва озод мекунанд ва аз ҷониби кенгаши (маҷлис) дахлдор тасдиқ карда мешаванд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий