Отамбоев 64 - сола шуд: ҳамсару ҷонибдоронаш ба муборакбодии ӯ рафтанд - навор

Отамбоев 64 - сола шуд: ҳамсару ҷонибдоронаш ба муборакбодии ӯ рафтанд - навор
Собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев соли дуюм солрӯзашро дар зиндон қайд мекунад. Ҳамсару пайвандон ва ҷонибдорони ӯ ҳарчанд ба муборакбодияш рафтанд, аммо ба ягон нафаре аз онҳо иҷозати мулоқот намудан ба Отамбоевро надоданд

Раиса Отамбоева ҳамроҳ бо ҷонибдорони ҳамсараш - собиқ кишвардори Қирғизистон Алмосбек Отамбоев назди бинои КДАМ омаданд, то ӯро бо солрӯзаш табрик намоянд.

Отамбоев имрӯз 64 - сола шуд ва аллакай соли дуюм аст, ки мавлуди худро на дар ҳалқаи пайвандон, балки пушти панҷара қайд мекунад.

Ба изҳори Қундуз Жолдубоев собиқ мушовири Отамбоев, ба хонаводаи ӯ иҷозати мулоқот ва вохӯрӣ намуданро фароҳат наоварданд.

"Ҳамсари Отамбоев хост ба ҳайси ҳадя ба ӯ китоб ва хӯроки идона диҳад, вале ба ӯ имкон надоданд, то бевосита ҳамроҳи шавҳари худ вохӯрӣ кунад", - афзудааст Жолдубоев.

Аз ин рӯ, ҷонибдорони собиқ кишвардор дар назди бинои КДАМ бо овезаҳо Алмосбек Отамбоевро дастаҷамъона табрик намуданд.



Ёдовар мешавем, Отамбоев ҳанӯз соли 2019 пас аз задухӯрди шадиди низомиёни давлатӣ ва ҷонибдорони ӯ боздошт шуд.

Отамбоев барои мусоидат кардан дар парвандаи Азиз Батукаев ва ба озодӣ баромадани ӯ, ба 11 соли зиндон маҳкум шуд.

Гузашта аз ин, собиқ президентро дар ошӯби Кой - Тош низ муттаҳам медонанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий