Дар Ӯзбекистон беш аз 11 ҳазор нафар мубталои COVID-19 шифо ёфтанд

Дар Ӯзбекистон беш аз 11 ҳазор нафар мубталои COVID-19 шифо ёфтанд
Имрӯз дар 5 минтақаи Ӯзбекистон 173 нафар мубталои коронавирус комилан шифо ёфтанд ва шумори кулли шифоёфтагон дар кишвар ба 11 ҳазору 4 нафар расид.

Аз ҷумла, имрӯз дар вилояти Тошканд 67 нафар, дар вилояти Сурхондарё 44 нафар, дар вилояти Андиҷон 38 нафар, дар вилояти Фарғона 11 нафар ва дар шаҳри Тошканд 13 нафар бемор шифо ёфтанд.

Имрӯз, то ба ин соат дар Ӯзбекистон 439 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шуд ва шумори кулли гирифторон дар кишвар ба 20 391 нафар расид.

Дар зимн, имрӯз 3 нафар бемор вафот карданд. Яке аз беморон дар Бухоро, дувумӣ дар Тошканд ва савумӣ дар Бекобод даргузашт.

Ҳоло шумори кулли қурбониёни коронавирус дар Ӯзбекистон ба 114 нафар расид.

Дар ҳоли ҳозир 9 ҳазору 273 нафар мубталои коронавирус дар бемористонҳои Ӯзбекистон муолиҷа мешаванд.

Манбаъ: http://ovozi.uz/15669

Комментарии (0)

Оставить комментарий