Содироти Эрон ба кишварҳои узви ИИАО 138% афзоиш ёфт

Содироти Эрон ба кишварҳои узви ИИАО 138% афзоиш ёфт
Раиси Созмони рушди тиҷорати Эрон Меҳдӣ Зейғамӣ дар бораи иштироки 300 ширкати эронӣ дар ҳамоиши тиҷоратии Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.Вай таъкид кард, ки ҳаҷми содироти Эрон ба кишварҳои узви ИИАО 138% афзоиш ёфтааст.Муовини вазири саноат дар бораи ташкили ҳамоиши тоҷирони Эрон ва ИИАО дар Арманистон дар рӯзҳои 30-31 сентябр ёдовар шуд ва гуфт, дар ин форум беш аз 300 ширкати эронӣ ва ҳамчунин ширкатҳо аз панҷ кишвари узви ИИАО, аз ҷумла Русия, Арманистон ва Беларус, Қазокистон ва Киргизистон иштирок мекунанд.Вай муколамаи ИИАО ва Эронро як рӯйдоди тиҷорӣ дар чаҳорчӯби Конфронси солонаи тиҷоратии АвруОсиё 2024 хонд ва афзуд, ин рӯйдоди бонуфузро Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар ҳамкорӣ бо Шӯрои тиҷоратии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва ниҳодҳои марбута ташкил мекунад.
Зейғамӣ таъкид кард, ки таҳким ва тавсеъаи бештари ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодии Эрон ва кишварҳои узви ин иттиҳод ҳадафи аслии баргузории ҳамоиши соҳибкорон мебошад.
Муовини вазири саноеъ дар суханронии худ гуфт, ки иҷрои тавофуқи муваққати тиҷорати озод миёни Эрон ва ИИАО дар соли 2019 ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро ду баробар афзоиш додааст, ки содироти Эрон ба кишварҳои узв беш аз 138% афзоиш ёфтааст.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий