То охири соли равон дар ВМКБ нерӯгоҳи нави барқи обӣ фаъол мешавад
Ба иттилои Вазорати энергетика дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз нерӯгоҳ бо иқтидори 275 кВт идома дорад"Ҳоло дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз сохтмони неругоҳи хурди барқи обии «Ёгед» бо иқтидори 275 кВт ҷараён дошта, анҷоми он то охири моҳи ноябри соли равон пешбинӣ гардидааст«, — хабар додааст вазорат.Зикр гардидааст, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳи мазкур, он ба шабакаи умумӣ пайваст гардида, дар натиҷа сатҳи таъминоти сокинони таҳҷоӣ бо қувваи барқ боз ҳам беҳтар мегардад.Ҳамчунин ба иттилои вазорат, ширкати „Помир Энерҷӣ“ дар ноҳияи Дарвози ВМКБ хатҳои интиқоли барқи 10 кВ, аз деҳаи Ширговад то деҳаи Нулванд ба масофаи 23 км ба пуррагӣ ба хатти интиқоли барқи 35 кВ иваз ва мавриди истифода қарор додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин хатҳои интиқоли барқ солҳои пеш бунёд гардида буданд ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд.
Ҳамчунин ба иттилои вазорат дар қитъаи мазкур 15 трансформатори 35/0,4 кВ насб гардида, дар умум 424 хоҷагӣ бо барқи хушсифат ва боэътимод таъмин гаштанд.Қайд карда шудааст, ки айни замон, сохтмони хатти интиқоли барқ аз деҳаи Нулванд то деҳаи Роғак (ба масофаи 15 км) идома дошта, тибқи нақша моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад.
САРЧАШМА:sputnik.tj

Комментарии (0)