Тоҷикистону Ҳиндустон таъсиси паркҳои технологӣ ва саноатиро баррасӣ карданд

Тоҷикистону Ҳиндустон таъсиси паркҳои технологӣ ва саноатиро баррасӣ карданд
Байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расид, иттилоъ додааст, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон."Байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии саноати хурди Ҳиндустон (NSIC) Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ба имзо расид«, — қайд кардааст манбаъ.Ба иттилои манбаъ, ҳадаф аз имзои ин санад мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкории хурду миёна байни ду давлат мебошад.Ҳамчунин дар доираи форум вохӯрии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва роҳбари Корпоратсияи миллии корхонаҳои хурди Ҷумҳурии Ҳиндустон Субхрансу Секхар Ачария баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи кооператсияи саноатии корхонаҳои нассоҷӣ, аз ҷумла ташкили корхонаҳои муштарак оид ба коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (кластери нассоҷӣ) бо ҷалби сармоя ва мутахассисони баландпоя аз Ҳиндустон баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо доир ба имкони таъсиси паркҳои технологӣ ва парки муштараки саноатии „Тоҷикистон-Ҳиндустон“ дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин марказҳои илмии табодули донишу таҷриба байни ду давлат изҳори назар карданд.Ёдовар мешавем, ки 29 октябр дар шаҳри Душанбе нахустин Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сармоягузории маъдан ва металлургия бо иштироки вазирони саноати давлатҳои Осиёи Марказӣ, коршиносон ва соҳибкорони Тоҷикистон ва давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.


САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий