ВУХ: Русия барои шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки қавонини моро риоя мекунанд, боз аст

ВУХ: Русия барои шаҳрвандони дигар кишварҳое, ки қавонини моро риоя мекунанд, боз аст
Директори департаменти якуми кишварҳои ИДМ Микаэл Агасандян дар мусоҳибаи ахираш бо рӯзноманигорон гуфт, ки Русия барои шаҳрвандони кишварҳои дигар, ки қонунҳоро риоя мекунанд, боз аст.Вай таъкид кард, ки дар соли гузашта беш аз 9 миллион шаҳрванди кишварҳои ИДМ ба қаламрави он ворид шуданд."Русия аз рӯи шумори муҳоҷирони корӣ, ки ба худ ҷалб кардааст, дар ҷои аввал қарор дорад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо, соли гузашта беш аз 9 миллион нафар шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Русия ворид шудаанд«, — гуфт оқои Агасандян.
Аз ин рӯ, ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ дар соҳаи муҳоҷират яке аз самтҳои афзалиятноки Русия ба шумор меравад."Русия барои шаҳрвандони кишварҳои дигар боз аст, ки қонунҳо ва қоидаҳои қабулкардаи моро ба таври қатъӣ риоя мекунанд ва ба анъанаҳо ва фарҳанги маҳаллӣ эҳтиром мегузоранд«, қайд кард ӯ.
Моҳи июн Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия Татяна Москалкова хабар дода буд, ки дар соли 2023 беш аз 9 миллион муҳоҷири корӣ аз кишварҳои узви ИДМ вориди Русия шудаанд, ки беш аз 8 миллион нафари онҳо дар мақомоти муҳоҷират сабти ном шудаанд.

САРЧАШМА:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий