Раҳмон дар нишасти Шурои миллии рушд аз коҳиши фақру болоравии маош гуфт

Раҳмон дар нишасти Шурои миллии рушд аз коҳиши фақру болоравии маош гуфт
Суръати рушди иқтисоди Тоҷикистон тайи ҳашт соли ахир ба ҳисоби миёна 7,4%-ро ташкил додааст.Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласа аъзои Шурои миллии рушд изҳор дошт.Ӯ гуфт, ки чунин дастовард сарфи назар аз шиддати вазъи ҷаҳони имрӯза ва таъсири бевоситаи омилҳои манфии берунӣ ба иқтисоди миллӣ ба даст омад.Ба гуфтаи президент, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра 2,6 баробар ва ба ҳар нафар аҳолӣ 2,3 баробар, даромадҳои пулии аҳолӣ 4,4 баробар, музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар, андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар ва шумораи соҳибкорон 1,6 баробар афзоиш ёфт."Сатҳи камбизоатӣ аз 31,3%-и соли 2015 то 21,2% дар соли 2023 коҳиш ёфта, Тоҷикистон тибқи арзёбии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рӯи суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ба қатори 10 кишвари пешсафи ҷаҳонӣ ворид гардид«, — афзуд сарвари давлат.
Дар идомаи суханронӣ раисҷумҳур гуфт, ки татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор дар маҷмуъ 70% ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳо беш аз 90% иҷро шудааст.
Дар ҷаласа вазири рушди иқтисод ва савдо, котиби масъули Шуро Завқизода Завқӣ Амин оид ба рафти татбиқи фосилавии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар ҳузури намояндагони бонкҳои байналмилалӣ гузориш додааст.
Президенти кишвар аз шарикони рушд даъват намудааст, ки дар шароити хеле ҳассосу зудтағйирёбандаи иқтисоди глобалӣ саҳми худро баҳри амалӣ гардонидани афзалиятҳои минбаъдаи рушди Тоҷикистон бештар намоянд.


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий