Аз Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ 6 ҷудокор мераванд

Аз Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпӣ 6 ҷудокор мераванд
Тоҷикистон дар риштаи ҷудо 6 роҳхати олимпӣ гирифтаст, ки нишондоди таърихӣ мебошад.Бар асоси холҳои гирифта ба Бозиҳои Олимпии Париж -2024 инчунин метавонад Обид Ҷебов низ равад, аммо азбаски кишварро дар як вазн як нафар бояд намояндагӣ кунад, ӯ аз ин имкон маҳрум мешавад. Ҷебов дар вазни то 66 кило холҳои кофиро ба даст овардаст.Др вазни 60 кг бошад Муҳаммадсолеҳ Қувватов аз тариқи квота меравад. Дар вазни то 66 кг Эмомалии Нуралӣ, дар вазни то 73 кг Беҳрӯз Хоҷазода, дар вазни то 81 кг Сомон Маҳмадбеков, дар вазни то 90 кг Комроншоҳ Устопириён ва дар вазни беш аз 100 кг Темур Раҳимов Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.Инчунин Тоҷикистон барои нахустин бор дар 12 соли охир соҳиби роҳхати олимпӣ дар риштаи куштии озод гардид.
Паҳлавони ёқутистонӣ, Виктор Рассадин, ки қаблан шаҳрвандии варзишиии Тоҷикистонро гирифт, роҳхати олимпиро дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии Истанбул соҳиб гардид.
Қблан Миҷгона Самадова, Давлат Болтаев ва Баҳодур Усмонов дар намуди бокс роҳхати Бозиҳои олимпиро гирифта буданд.Дар риштаи таеквондо Тоҷикистонро Мунира Абдусаломова намояндагӣ мекунад. Имкониятҳо барои гирифтани роҳхатҳои олимпӣ ҳанӯз боқӣ мондаанду муштзанҳои кишвар барои он талош доранд.


САРЧАШМА:​sputnik​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий