Аҳдномаи ҳампаймонӣ: Арзиши таърихии мулоқоти Раҳмону Мирзиёев дар чист?

Аҳдномаи ҳампаймонӣ: Арзиши таърихии мулоқоти Раҳмону Мирзиёев дар чист?
Муҳимтарин санаде, ки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва аз сӯи раисҷумҳурон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев имзо шуд, Аҳдномаи ҳампаймонии миёни ду кишвар будмРаисҷумҳури Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатии дурӯза аз Тоҷикистон боздид кард. Президенти мизбон, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои ӯзбекистонияшро бо қаровули фахрию фазои дӯстона пешвоз гирифт.Дар пайи музокирот дар ҳайати маҳдуду васеъ як қатор дастурот ба ҳукуматҳо дода шуда, роҳбарони ду кишвар Аҳдномаи ҳампаймонӣ имзо карданд.Ин муоҳидаро коршиносон қабл аз ҳама барои он таърихӣ арзёбӣ мекунанд, ки ҳар ду кишвар то ба ҳол бо ягон кишвари дигар чунин санаде ба имзо нарасондаанд.

Иттиҳоди тахрибнопазир

Ҳампаймонӣ болотарин ва муътамадтарин сатҳи муносибатҳои байнидавлатӣ буда, баёнгари бо ҳам гиреҳ хӯрдани манфиатҳо, сарнавишт ва ояндаи муштараки мардуми ду кишвар аст. Ҳамон гуна ки раҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон таъкид карданд, ин санади роҳбурдӣ дар таъмини сулҳу субот ва амнияти минтақа низ нақши калидӣ хоҳад дошт.Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури минтақа, гуфт, ба имзо расидани Аҳднома ё Муоҳидаи ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон сафари расмии Шавкат Мирзиёевро ба як рӯйдоди муҳимми таърихӣ табдил дод, зеро дар пайи ин ҳамкориҳои ду кишвар вориди сатҳи сифатан нав мешавад ва муколимаҳои сиёсии дуҷониба шакли ниҳодинатар ба худ хоҳад гирифт.
«Ба сурати табиъӣ, чунин як санади ҷомеъ ва роҳбурдӣ заминаҳову самтҳои мушаххаси ҳамкориҳои муштаракро дар ҳавзаҳои иқтисодӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ, обу энержӣ, энергетикӣ, амниятӣ, нақлиёту транзит, илмӣ, омӯзишӣ, фарҳангӣ ва ғайра муайян мекунад», — гуфт Бекмуҳаммад.
Ба қавли ӯ, Муоҳида на танҳо фурсатҳои тозаеро барои рушди равобити дуҷониба фароҳам мекунад, балки ба дарки бештару беҳтари манфиатҳои миллии якдигар ва ҳифзи манфиатҳои муштарак дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мусоидат менамояд.

«Яъне ин санад замина барои таҳия ва бакоргирии абзорҳо ва рӯйкардҳои воҳиду муштарак барои ҳалли масъалаву мушкилоти умумиро омода хоҳад кард», — гуфт таҳлилгар.

Аз сардӣ ба гармӣ

Тоҷикистону Ӯзбекистон пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва касби истиқлол аз соли 1991 ба ин сӯ як масири ноҳамвори равобитро пушти сар гузоштаанд. Дар замони раҳбарии Ислом Каримов, ки то соли 2016 идома дошт, миёни ду кишвар ихтилофҳои ҷиддӣ ба миён омад.
Аз ҷумла Ӯзбекистон ба сохтмони муҳимтарин тарҳи иқтисодии Тоҷикистон — нерӯгоҳи «Роғун» — шадидан мухолифат мекард ва ҳам аз бартариҳои худ дар масирҳои роҳи оҳан алайҳи ҳамсояи шарқиаш истифода мебурд.

Шояд боризтарин аломати носозгор бо ҳусни ҳамҷавории ду кишвар низоми раводид буд, ки мушкили зиёда барои мардумони ду кишвар халқ мекард. Он замон даҳҳо шаҳрванди ду кишвар бо иттиҳоми «убури ғайриқонунии марз» ва «ҷосусӣ» боздошту зиндонӣ шуданд.

сарчашма:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий