Раҳмону Мирзиёев дар Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистонро кушоданд

Раҳмону Мирзиёев дар Душанбе бинои нави сафорати Ӯзбекистонро кушоданд
Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуда, даҳсолаҳо боз сафоратхонаҳо дар Тошканду Душанбе фаъолият доранд
 Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Ӯбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд.Сарони давлатҳо бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафоратро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ин муносибат сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон садо дод.Сипас Раҳмону Мирзиёев дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду кишвар соядаст гузоштанд, афзуд дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон.Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуда, даҳсолаҳо боз сафоратхонаҳо дар Тошканду Душанбе фаъолият доранд.
Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл Тоҷикистону Ӯзбекистон барои ҳамдигар дар пойтахтҳо заминҳо ҷудо карда буданд. Аз ҷумла ба ҷониби Ӯзбекистон дар шаҳри Душанбе 1,2 гектар замин ҷудо гардида буд.
Ҳукумати Ӯзбекистон дар навбати худ барои Тоҷикистон дар буриши кӯчаҳои Зулфияхонум ва Себзори шаҳри Тошканд беш аз 1 гектар замин ироа намуд.Ҷониби Тоҷикистон низ аллакай ба сохтмони бинои сафораташ дар шаҳри Тошканд оғоз кардааст.Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои сафорат аз қароргоҳи роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфату маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

сарчашма:​sputnik.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий