Русия беш аз 85%-и бозори сӯзишвории Тоҷикистонро таъмин мекунад
Нархи миёнаи ҳар тонна сӯзишвории воридгардида ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ба 710 доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 94 доллар ё худ наздики 12% камтар мебошад.
Дар ин бора роҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дода, афзуданд, ки Русия таъминкунандаи аслии бозори маводи сӯхти кишвар мебошад.
Ба ҳисоби Хадамоти зиддиинҳисорӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия беш аз 85%, аз Қазоқистон 5%, Туркманистон беш аз 4%, Ӯзбекистон наздики 3% ва Белорус беш аз 1% рост рост меояд.
Дар маҷмуъ ба ҷумҳурӣ 452 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ба маблағи беш аз 320 млн доллар ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта наздики 100 ҳазор тонна зиёд аст.
Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар бозори сӯзишвории кишвар монополия нест.
Иштирокчиёни бозори воридоти бензин 30, сӯзишвории дизелӣ 42 ва гази моеъ 14 субъекти хоҷагидорро ташкил медиҳанд, ки фаъолияташон таҳти назорат аст, далел овард Хадамот.
Аз нишондодҳо бармеояд, ки бозори воридот ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ рақобатпазир буда, ҳолати маҳдудкунӣ ва инҳисорӣ намудан дар ин сегменти бозори молӣ ба мушоҳида намерасад, изҳор доштанд масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ.
САРЧАШМА:sputnik.tj
Комментарии (0)