Кремл: Киев ба ҷони Путин суиқасд кард

Кремл: Киев ба ҷони Путин суиқасд кард

Киев шаби чаҳоршанбе кӯшиш кард, ки бо ҳавопаймои бесарнишин ба қароргоҳи кишвардори Русия дар Кремл зарба занад, вале тирашон хок хӯрд

Ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ кӯшиш карданд, ки шабона ба қароргоҳи Кремли Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ҳамла кунанд.

Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Русия хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, ду ҳавопаймои бесарнишин, ки самти қароргоҳи президент дар Кремл ҳаракат доштанд, аз сӯи низомиён ва хадамоти махсус, ки аз системаҳои радарӣ истифода мекарданд, аз кор мононда шуданд.

Зикр гардид, ки бар асари ҳамлаи Киев талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ ба қайд гирифта нашудааст.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий