Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад

Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад

28 апрели соли 2023,  шабона соати 1-у 30-дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони фаромиллӣ иборат аз 8 нафар, таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон, бо мақсади интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ, хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар аломати 184-уми минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми «Тишор»-и Отряди сарҳадии «Хоруғ»  убур намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз  Отряди сарҳадии «Хоруғ»-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушоданд.

Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд.

Дар ҷои ҳодиса 3 ҳаммаслаки қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- Паншанбиев Назархудо Шухакович, соли таваллудаш 1967, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Пасхуфи ноҳияи Рӯшон, Саидманзаров Нидо Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1993, зодаи деҳаи Ёмчи ноҳияи Шуғнон, сокини шаҳри Хуҷанд ва Долбаринов Аскар Ҷамшедович, соли таваллудаш 1977, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Занучи ноҳияи Роштқалъа дастгир карда шуд.

Аз ҷои ҳодиса 45 кг маводи мухаддири сахттаъсири навъи «героин», 1 автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир,  1 адад дурбини махсуси назорати шабона, 10 (даҳ) ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.

Мутаассифона, ҳангоми задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон як хизматчии ҳарбӣ ба ҳалокат расид.

Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома доранд.


Сарчашма: ​khovar.tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий