Тоҷикон бештар Ӯзбекистонро барои саёҳат интихоб мекунанд

Тоҷикон бештар Ӯзбекистонро барои саёҳат интихоб мекунанд

Мақомоти Ӯзбекитон мегӯяд, ки бештари гардишгароне, ки аз шаҳрҳои мухталифи ин ҷумҳурӣ дидан карданд, шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд

Дар ду моҳи аввали соли равон аз Ӯзбекистон 871 ҳазор сайёҳ дидан кардааст, иттилоъ додааст сомонаи “media-mig” дар истинод ба Оҷонсии миллии омори ин кишвар.

Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,7 баробар зиёдтар будааст.

Бештар аз Ӯзбекистон шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна диданд карданд.

Бештари сайёҳоне, ки аз Ӯзбекистон дидан карданд, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд (289,2 ҳаз.). Дар ҷои дувум гардишгарони Қазоқистон (241,4 ҳаз.) қарор гирифтаанд.

Дар ҷойи сеюм сайёҳони Қирғизистон (211,2 ҳаз) қарор гирифтаанд. Сайёҳони Русия ба Узбекистон зиёда аз 80 ҳазор нафар ташкил додааст. Туркия ба панҷгонаи феҳрист низ дохил шудааст аз ин кишвар ба Ӯзбекистон (13,4 ҳаз.) сафар кардаанд.

Ба ин ҷумҳурӣ инчунин сайёҳони Кореяи Ҷанубӣ (4,4 ҳаз), Ҳиндустон (2,4 ҳаз), Украина (1,7 ҳаз), Озарбойчон (1,7 ҳаз) ва Белорус (1,6 ҳаз) сафар карданд.

Инчунин 1,6 ҳазор гардишгари чинӣ, 1,4 ҳаз. гардишгари амрикоӣ, 1,3 олмонӣ, 900 бритониёӣ, 800 фаронсавӣ, 700 итолиёӣ, 700 ҷопонӣ, 600 гурҷӣ ва 600 исроилӣ аз шаҳрҳои мухталифи Ӯзбекистон диданд кардаанд.


Сарчашма: sputnik-tj.com

Комментарии (0)

Оставить комментарий