Осеби ду сокин ва талафоти даҳҳо сар чорво дар Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари заминларза

Осеби ду сокин ва талафоти даҳҳо сар чорво дар Кӯҳистони Мастчоҳ бар асари заминларза

Аз шиддати заминларзаҳо, ки давоми як рӯзи охир беш аз 7 маротиба рух додааст, панҷ деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд

Бар асари заминларза ду сокини деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ захм бардоштаанд, ки хушбахтона дараҷаи осеби онҳо сабук буда ташвишовар нест.

Дар ин бора манобеъ аз мақомоти КҲФ дар вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Бино ба иттилоъи манбаъ, табибон фавран ба муоинаи ин ду нафар пардохта ва дараҷаи осеби онҳоро сабук арзёбӣ кардаанд.

“Ҳардуи онҳо сокинони деҳаи Палдорак гуфта мешаванд, ки дар вақти заминларза ҳангоми аз хона берун баромадан пояшон ба дари баромадгоҳ бархурда каме осеб мебардорад. Хушбахтона вазъи саломатии онҳо муътадил аст” – гуфт, манбаъ аз КҲФ.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ аз ҳисоби шиддати заминларзаҳо, ки давоми як рӯзи охир беш аз 7 маротиба рух додааст, панҷ деҳаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ зарар дидаанд.

Мақомоти КҲФ таъйид намуданд, ки дар умум беш аз 700 иморату иншооти сокинон тахриб гардида, ҳудуди 150 сар чорвои хурду калон пурра ва ё қисман зарар дидаанд.

Зимнан ситоди вижа хисороти расида аз заминларза дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро маълум мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки шаби 22 ба 23 март, тақрибан соати 01:07 дақиқа заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод.

Давоми ду рӯзи охир ин дуввумин заминларзаи шадид бо дараҷаи беш аз 7 балла гуфта мешавад.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий