Муҳлати "Тавофуқи ғалла" тамдид карда шуд. Ин барои Русия чӣ лозим?

Муҳлати "Тавофуқи ғалла" тамдид карда шуд. Ин барои Русия чӣ лозим?
​Рӯзи сешанбе, 14 март, ВКХ Русия эълон дошт, ки бо риояи шартҳои пешин созишнома дар бораи «Тавофуқи ғалла» боз ба муҳлати 60 рӯз дароз карда шуд
 Маскав мусоидатро барои содироти бехатари ғалла аз се бандарҳои украинӣ дар соҳили Баҳри сиёҳ идома дода истодааст, СММ бошад барои содироти маводи озуқаву нуриҳо аз Русия ба бозори ҷаҳонӣ кӯмак расонида истодааст.Агар қисми аввали ин муомилот ба пурравгӣ моҳи ҳаштум аст, ки ба иҷро расида истода бошад-ғаллаи украинӣ бемамоният бароварада шуда истодааст-пас, дар иҷроиши қисми дуюми муомилот-вобаста ба содироти ғаллаи Русия-муаммоҳо ҷой доранд.Барои чӣ Русия боз мӯҳлати мумомилоти ғалларо дароз намуд. Ба ҳар ҳол, бештари коршиносон шубҳа доранд, ки давомдиҳии ин муомолиот барои Маскав фоида дошта бошад. Дар ин хусус- дар маводи Sputnik.

«Муомилоти ғалла"-таърихи муаммо

Чун анъана, Русия ва Украини дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ пешсафанд (масалан, Русия дар бозори ҷаҳонӣ бештар ғалла содирот менамояд,Украина бошад дар ин раддабандӣ дар зинаи панҷум қарор дорад).Муаммои фурӯши ин маҳсулотҳо аз ин ду кишвар дар бозор таъсири амиқ гузошт: нархи ғаллаву нурӣ ба андозаи чашмрас боло рафт.Украина пас аз оғози амалиёти низомии вижа бо душвориҳо дар баровардани ғаллаи содиротии худ рӯ-ба рӯ шуд (басалан, бо сабаби миназор кардани бандарҳояш аз ҷониби худи Украина) Русия бошад-бар асари фишору таҳримҳои бесобиқаи кишварҳои Ғарб, ки худашон дар сухан содироти маводи озуқаи русиягиро маҳдуд намекарда бошад ҳам, аммо дар амал содироти ғалларо бо роҳи бевосита маҳдуд намудани мабағгузаронӣ ва бо манъкуниҳои бевосита халал мерасонад (ба бандарҳои аврупоӣ роҳ нест,муаммоҳо ҳини пардохти маблағи киштиҳо дар бандарҳо,пардохти маблағи суғурта,гузаронидани амалиётҳои молиявӣ ва ғайра).

манба:​sputnik-tj​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий