Имзои протоколи ҷадиди миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъди музокироти шашрӯза

Имзои протоколи ҷадиди миёни Тоҷикистону Қирғизистон баъди музокироти шашрӯза
Гурӯҳҳои топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон масъалаи муайян кардани минтақаҳои баҳсии сарҳади ҷумҳуриҳоро муҳокима карданд.Мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи шаш рӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар медиҳад медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон."Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо рӯзҳои 10 — 16 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид«, — афзудааст манбаъ.
ВКХ ҷузъиёти бештар аз машварати шашрӯзаи намояндагони тоҷику қирғизро ифшо накардааст.Танҳо зикр намуд, таъкид шудааст, ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуда, дар натиҷа протокол имзо гардид.ки вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.Ҳамин тариқ мувофиқа шудааст, ки вохӯрии навбатии тарафҳо дар Қирғизистон баргузор мегардад.Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марз бояд ҳарчи зудтар ҳалли худро пайдо мекунад ва азм доранд соли равон онро анҷом диҳанд.Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашудаи Тоҷикистону Қирғизистон аллакай тақрибан 625 километр ё тақрибан 63%-и дарозии онро ташкил медиҳад.Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябри соли гузашта авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд, аммо азмашонро барои ҷилавгирӣ аз такрор баён доштанд.

манба:​zamin.uz​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий