Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 36 автобус фиристод

Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 36 автобус фиристод

Мақомот ба шаҳри Кӯлоб 6 автобус, ба шаҳри Хоруғ 5 автобус ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ фиристод

Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон автобусҳои муосири мусофикашонӣ фиристода шуданд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар”.

Корвони кумаки навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 32 автобуси мусофиркаш аз шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Кӯлоб равона гардид.

“Аз шумораи умумии нақлиёти мусофиркаш 6 автобус ба шаҳри Кӯлоб, 5 автобус ба шаҳри Хоруғ ва ба ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Рӯшон, Ишкошим, Мурғоб ва Рошқалъа 3-автобусӣ фиристода шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Манбаъ қайд кардааст, ки бо расидани 26 автобуси муосир ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сифати хизматрасонӣ дар хатсайрҳо байни шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маротиб боло рафта, сокинони деҳаҳои хурду дурдасти вилоят низ аз шароити муосир, замонавӣ ва саривақтии автобусҳо бархӯрдор мегарданд.

Иттилоъ дода шудааст, ки автобусҳо дар доираи татбиқи "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон барои давраи то соли 2025" амалӣ гардидааст.

Дар заминаи амалишавии "Барномаи давлатии рушди мақсадноки нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025" шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳо сохта шуда, теъдоди зиёди муассисаҳои нақлиётӣ, терминалҳои мусофирбар, терминалҳои боркашонӣ, хатсайрҳои мусофирбар ва ширкатҳои нақлиёти байналмилалӣ фаъолияти босамар доранд.



Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий