Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд

Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон меояд

Вазорати умури хориҷа эълон кардааст, ки дар моҳи апрел сафари давлатии раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон, пешбинӣ шудааст

Раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммаов дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2023 бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Тавре вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ин масъала зимни музокироти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

“Диққати махсус ба рафти омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, ки дар нимаи аввали моҳи апрели соли 2023 пешбинӣ шудааст, зоҳир карда шуд”,- хабар додааст вазорати хориҷа.

Дар ин музокирот ҳамчунин масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ғайраро баррасӣ шуд.

Ҳамзамон дар музокирот доир ба ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Вузарои хориҷаи ду кишвар инчунин масоили омодагӣ ба Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки моҳи сентябри соли 2023 дар Душанбе ба нақша гирифта шудааст, мавриди баррасӣ қарор доданд.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий