Ҷустуҷӯи 398 нафар барои пардохт накардани алимент дар Тоҷикистон

Ҷустуҷӯи 398 нафар барои пардохт накардани алимент дар Тоҷикистон

Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон эълон кардааст, ки 398 нафар барои напардохтани маблағи алимент дар кофтуков қарор доранд

Нисбат ба 398 нафар қарздорон барои сари вақт напардохтани маблағи алимент ва пинҳон кардани суроғаи ҷои зисташон бо таъйиноти суд ва қарори иҷрочиёни мақомоти иҷро кофтуков эълон шудааст, иттилоъ додааст зимни нишасти матбуотӣ Сардори Хадамоти иҷрои Тоҷикистон Барно Саидвализода.

Ба гуфти Барно Саидвализода, соли сипаригардида ба Хадамот 11 636 санади истеҳсолоти иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид гардида, аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак зиёда аз 39,9 млн сомонӣ маблағи алимент ситонида шуд.

Ба гуфтаи вай ин маблағ назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 46,1 фоиз зиёд мебошад.

“Бинобар бадқасдона саркашӣ намудани қарздорон аз пардохти маблағи алимент нисбат ба 538 нафар қарздорон тибқи талаботи қавонини Тоҷикистон бо пешниҳоди иҷрочиён аз ҷониби мақомоти прокуратура парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд”,- илова намуд сардори Хадамоти иҷро.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба феҳристи қарздорон ва махзани электронии Хадамот барои напардохтани маблағҳои қарзӣ 5679 нафар шахсони воқеӣ ва 201 нафар шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шуданд.

Бо дастрасии моддаи 47 Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" ҷиҳати баромада нарафтани қарздорон аз ҳудуди Тоҷикистон нисбат ба 7 844 нафар қарздорон маҳдудият гузошта шуд.

“Амали мазкур натиҷаи мусбат дода, 800 нафар қарздорон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир гардиданд. Маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми зиёда аз 6,3 млн сомонӣ аз онҳо ситонида шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли сипаришуда 92 фоиз зиёд мебошад”,- илова кард Сардори Хадамоти иҷро.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий