Дар ВМКБ бо нархи беш аз 1 млрд сомонӣ иншоот сохта мешаванд

Дар ВМКБ бо нархи беш аз 1 млрд сомонӣ иншоот сохта мешаванд

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон нақшаҳояшон барои таҷлили сазовори 35-солагии истиқлоли Тоҷикистонро баён доштанд

Ба истиқболи 35-солагии истиқлолиТоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бунёди беш аз 1 ҳазор иншоот дар назар аст.

Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода ба "Ховар" иттилоъ дода, афзуд, арзиши ин иншоотро зиёда аз 1 млрд сомонӣ арзёбӣ кард.

Вай аз ҷумла изҳор доштааст, ки зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешаванд, ки ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронида шудаанд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз - 103 иншоот, Ванҷ - 101, ноҳияи Рӯшон - 150 бинои замонавӣ, Шуғнон - 312 иншоот, Роштқалъа - 205 иншоот, Ишкошим - 104 иншооти нав ва ноҳияи Мурғоб - 83 иншоот бунёд мешаванд.

Ба иттилои мақомоти ВМКБ, тайи 2 соли охир дар вилоят 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудаанд.

Таъкид гардидааст, ки иқдом барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат идома доранд.

Зикр шудаст, ки сохтмони 17 пул дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб бо арзиши лоиҳавии зиёда аз 20 млн доллар аллакай ба анҷом расидааст.

Феълан таҷдиди роҳи Шкеф – Қалъаихумб ба анҷом расида, сохтмони қитъаи роҳ аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон оғоз гардидааст ва лоиҳакашии роҳ аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад, афзуданд мақомоти ВМКБ.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий