Наздик ба ним миллиард: Давлатзода гуфт, чаро қарзи Агентии беҳдошти замин боз афзуд

Наздик ба ним миллиард: Давлатзода гуфт, чаро қарзи Агентии беҳдошти замин боз афзуд

Агентӣ чун гузашта қимати пасти обрасониро сабаби афзоиши қарз меномид ва ҳамакнун болоравии нархи барқро низ омили дигари он хонд

Қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар назди ширкати энержии "Барқи тоҷик" ба 456,9 млн сомонӣ расидааст.

Дар ин бора ба хабарнигорон директори ин ниҳод Давлатзода Зафарбек зимни нишасти хабарияш иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, дар як сол қарзи ин ниҳод ба ширкати мазкур 90,9 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст.

"Сабаби асосии болоравии қарзи Агентиро дар паст будани ҳаққи хизмати обрасонӣ ва баланд гардидани тарифҳои нерӯи барқ аст", - афзудааст манбаъ.

Ӯ гуфт, дар мавсими обёрии соли 2022 тавассути пойгоҳҳои обкашӣ ва чоҳҳои амудӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо истифода то 8.1 млн кВт/соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз то 426 адад дастгоҳҳои обкашӣ ва то 53 адад чоҳҳои амудӣ кор карда кишоварзонро бо оби обёрӣ таъмин намуданд.

Давлатзода афзуд, ки ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 69 млн сомонӣ аз ҷониби истифодабарандагони об пардохт карда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки раҳбари қаблии ин ниҳод, Холмурод Раҳмон сабаби қарзи зиёди Агентиро деҳқонон номид, ки пули оби истифодакардаро пурра пардохт карда наметавонанд.

Ӯ гуфта буд, ки пули хидматрасонӣ қисми зиёди даромади аслии ин ниҳодро ташкил медиҳад.

Мавсуф он замон ду роҳи роҳи ҳалли мушкили қарзиро гуфта буд, ки яке боло бурдани қимати оби полезӣ ва дигарӣ субсидияҳои давлатӣ мебошанд.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий