Фармондеҳи толибҳо: ҳафт ҳазор ДОИШ-ӣ* аз Покистон ба Афғонистон ворид хоҳад шуд

Фармондеҳи толибҳо: ҳафт ҳазор ДОИШ-ӣ* аз Покистон ба Афғонистон ворид хоҳад шуд

Як фармондиҳи нерӯҳои сарҳадии гурӯҳи толибҳо дар вилояти Пактиё аз вуруди 7 ҳазор ДОИШ-ӣ* дар рӯзҳои оянда аз Покистон ба Афғонистон хабар дод

Ба дунболи афзоиши юришҳои гурӯҳи террористии ДОИШ дар Афғонистон, мактуби ифшошудаи фармондеҳи ливои дувуми сарҳадии сипоҳи мансурии гурӯҳи толибҳо дар вилояти Пактиё, дар бораи вуруди беш аз 7 ҳазор террористони ДОИШ-ӣ* аз паноҳгоҳҳояшон дар хоки Покистон ба Афғонистон, барои ноамн кардани вилоятҳои шимоли ин кишвар аст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Дар ин нома мавлавии Муҳамадосиф Зокир Унвонӣ фармондеҳи толибҳо дар бораи эҳтимоли вуруди ҳафт ҳазор ҷангҷӯии ДОИШ* аз Покистон ба Афғонистон ҳушдор дода шудааст.

"Дар он сӯйи хати марзӣ дар хоки Покистон, дар рӯстоҳои Кӯкӯхил, Ганда ғрӣ, Биҷар ва дарраи Миршолӯ, ки пушида аз ҷангаланд се гурӯҳ, ки яке аз онҳо ДОИШ* аст ба раҳбарии Муссалам Куатавол марокизи омӯзишӣ эҷод кардаанд ", омадааст дар ин нома.

Дар ин нома тавзеҳ дода шудааст, ки ду гурӯҳ аз ин афрод, неруҳои низомӣ ба сабки командо (нерӯҳои вижа) дар ихтиёр доранд ва парчамҳои онон сиёҳ аст ва гурӯҳи сеюм фақат парчами сиёҳ бо худ дорад.

Мавлави Зокир шумори неруҳои ин се гурӯҳро ҳафт ҳазор нафар тахмин задааст, ки қасд доранд ба сурати гурӯҳӣ ва инфиродӣ аз тариқи вулусволӣ аз роҳи вилояти Лугар, вулусволии Зозӣ Ориюби вилояти Пактиё, Спина шакаи вилояти Нангарҳор ва вулусволии Алишанги вилояти Лағмон вориди вилоёт шимолӣ шаванд.

Бар ин асос, вай дастур дода, ки нерӯҳои истихборот ва кашофӣ дар соҳаи масъулияти худ амниятро таъмин кунанду роҳҳои вурудиро ба шиддати таҳтиназорат бигиранд ва касоне,ки дохил мешавандро дақиқ талошӣ ва шиносоӣ кунанд то ҷилави ин террористонро гиранд.

Фармондиҳи гурӯҳи толибҳо дар ҳоле аз вуруди 7 ҳазор ҷангҷӯии ДОИШ ба Афғонистон хабар медиҳад, ки коршиносон мегӯянд, ки бархе аз ҷангҷуёни гурӯҳи толибҳо ба гуруҳи ДОИШ пайвастаанд.


Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий