Пешгӯии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар мавриди гаронии нархи нуриҳои минералӣ

Пешгӯии Кумитаи иҷроияи ИДМ дар мавриди гаронии нархи нуриҳои минералӣ

Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷаҳиши нархи нуриҳо дар соли 2022 ҳушдор дод. Тоҷикистон азм дорад, вобастагиро аз нуриҳои воридотӣ кам кунад

Болоравии нархи нуриҳои минералӣ соли равон ба андозаи 70% дар назар аст, ҳушдор дод Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.

Ба гузориши ин ниҳод, сиёсати таҳримӣ ба бозори нуриҳои минералӣ зарбаи дучанд зад.

"Дар баробари маҳдудияти интиқоли онҳо аз Русия ва Беларус, болоравии қимати манобеи нерӯ ба нарх таъсири манфӣ расонд", - гуфт манбаъ.

Ба ин тартиб, тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нархи нуриҳо дар ҷаҳон аллакай 10% боло рафтааст. Аммо то охири соли 2022 афзоиши нархҳо дар ин бахш дар сатҳи 70% дар назар аст.

Ҷаҳиши нархи нуриҳои азотӣ ба коҳиши тавлиди онҳо дар Аврупо, бар асари болоравии нархи газ ба вуҷуд омадааст. Нархи нуриҳои калийдор, ки ҳудуди 80% гарон шудаанд, ба таҳримот алайҳи Белорус рабт дода мешаванд.

Ин ҳушдор дар ҳолест, ки Тоҷикистон пойбанди нуриҳои минералии воридотӣ мебошад. Дар зим мақомот азм доранд, бо роҳандозии тавлидоти дохилӣ вобастагиро аз хориҷа кам намоянд.

Ду корхонаи бузурги тавлиди нерӯҳои минералӣ дар Тоҷикистон дар остонаи шуруъи фаъолият қарор доранд, изҳор дошт ахиран Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ.

Ӯ гуфт, “Осиё Кемикал”, собиқ “Азот”, ширкати бузурги тавлидкунандаи нуриҳои азотӣ пас аз чанд соли бефаъолиятӣ, қарор аст, тирамоҳи соли равон истеҳсолотро ба роҳ монад.

Вазири саноат ва технологияҳои нав аз тарҳи дигаре, ки аз сӯи ширкати “Талко кемикал” дар ҳоли анҷомёбист, суҳбат карда, гуфт, қарор аст, ин ширкат истеҳсоли нуриҳои фосфорӣ, аз қабили суперфосфат ва нутрифосфатро ба роҳ монад. Тибқи нақшаи корӣ, то моҳи сентябри соли равон ин корхона низ фаъолияти худро шурӯъ хоҳад кард, гуфта буд ӯ.

Сарчашма: ​sputnik-tj.com​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий