Фиребкорӣ дар ташкили муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Канада
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аъмоли як шаҳрванди ҷавони кишварро таҳқиқ мекунанд, ки ба ивази маблағ фиристодани шаҳрвандон ба Канадаро ваъда медодааст
Марди 35-сола аз Душанбе ба идораи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муроҷиат карда, аз фиребкории як ҳамшаҳри 30-солааш шикоят кардаст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда арз доштааст, ки сокини 30-солаи шаҳри Душанбе ба бовараш даромада, дар чанд марҳила аз ӯ 18 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифтаст.
Таъкид шудаст, муттаҳам ба ивази ин маблағ ваъда додааст, ки ҷабрдидаро бо оилааш ба давлати Канада мефиристад.
"Аммо то ҳол ӯро фиреб дода, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Аз рӯйи ин ҳодиса тафтишот идома дорад", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон азм доранд, муҳоҷирати гуногунсамта, аз ҷумла ба кишварҳои гуногуни арабӣ, осиёӣ ва ғарбиро роҳандозӣ намоянд. Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад.
Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, иттилоъ дод Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)