Нигаронии Рустами Эмомалӣ ва Бердимуҳаммадов аз вазъи Афғонистон
Тоҷикистон ва Туркманистон аз шиддат гирифтани авзои сиёсӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, хостори вокунишҳои муштарак ба чолишҳо шудаанд
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе зимни сафари расмияш ба Туркманистон бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши ин кишвар Қурбангулӣ Бердимуҳаммадов ҳамкориҳои дуҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳонро баррасӣ кардааст, хабар медиҳад сухангӯи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода.
Вазъи пуршиддати сиёсии Афғонистон яке аз мавзуоти меҳварии мулоқоти шаҳрдори Душанбе бо президенти собиқи Туркманистон будааст.
Ҷонибҳо гуфтаанд, тамоюли мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин таҳкими мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишвари ҳамсоя ташвишовар аст.
Дар чунин вазъият ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалии имрӯза, ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар зарур шуморидаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамсояҳои Афғонистон ҳастанд, ки бо ин кишвар марзи зиёди муштарак доранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли 2021 бо суқути ҳукумати пешини Афғонистон толибон ҳокимияти худро дар ин кишвар мустақар сохтанд.
Ҳамакнун наздик ба даҳ моҳ мешавад, ки ин гурӯҳ на машруияти дохилӣ дораду на хориҷӣ.
Ҳамзамон, бино ба андешаи коршиносон, бо ба ҳукумат расидани толибон тамоми гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар гирд омадаанд ва ин кишвар як паноҳгоҳи амни онҳо гаштааст.
Ҳамзамон ахиран ду ҳамлаи мушакӣ аз хоки ин кишвар ба Ӯзбекистон ва як ҳолати дигар ба Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳамзамон раддубадалҳое дар марз бо Туркманистон ва Эрон низ доштанд.
Бо гузашти замон ҳукумати ин гурӯҳ ҳарчи бештар барои кишварҳои минтақа хатарзо мегардад ва бинобар ин талошҳо барои вокуниши муштарак дар ҳолатҳои зарурӣ сурат мегирад.
Сарчашма: sputnik-tj.com
Комментарии (0)